Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст
Ишқбозӣ чӣ бало, фикри хатое будааст,
Ишқ худ ишқ набудаст, балое будааст.
Кош бинанд худобехабарон ҳусни туро,
То бидонанд, ки моро чӣ Худое будааст.
Дар диёре, ки гули рӯйи туро парварданд,
Хуш баҳорею фараҳбахш ҳавое будааст.
Аҳд кардӣ, ки вафо пеша кунам, ҷаҳд бикун,
То бидонам, ки дар ин аҳд вафое будааст.
Боғи фирдавс заминест, ки он ҷо рӯзе
Сарви гулпираҳане, тангқабое будааст.
Баъди мурдан ба сари турбати ман бинвисӣ,
Ки ин аҷаб сухтаи бесарупое будааст.
Чораи дарди Ҳилолист балои ғами ишқ,
Ишқро дард магӯй, ки давое будааст.