Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост

Ҳар оташин гуле, ки бар атрофи хоки мост, Аз оташи дилу ҷигари чок-чоки мост. Домани гул зи хоки шаҳидон газаштай, Гарде, ки домани ту гирифтаст, хоки мост. Соқӣ, бирав, ки бодай гулранг бе рухаш, Гар оби зиндагист, ки заҳри ҳалоки мост. Пок аст ҳамчу домани гул чашми мо, вале Домони ёр поктар аз чашми поки мост. Деҳқони солхӯрда, ки поянда бод, гуфт: Ин аст оби Хизр, ки дар ҷӯйи токи мост. Дармони мо маҷӯй, Ҳилолӣ, ки дарди ишқ Хос аз барои ҷону дили дардноки мост.