Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст
Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст,
Кай дили ӯ сӯзад аз доғе, ки бар ҷони ман аст?
Носеҳо, беҳуда мегӯӣ, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст?
Дар илоҷи дарди дил кӯшиш мефармо, эй табиб,
З-он ки ҳар дарде, ки аз ишқ аст, дармони ман аст.
Бедилонро нест ғайр аз ҷон супурдан мушкиле,
Он чӣ эшонрост мушкил, кори осони ман аст.
Ман кӣ бошам, то занам лофи ғуломӣ бар дараш?
Бандаи онам, ки давлатхоҳи султони ман аст.
Он, ки бар домони чокам таъна мезад, гӯ, бизан,
К-инчунин сад чоки дигар дар гиребони ман аст.
Ҳар чӣ мегӯяд Ҳилолӣ дар баёни зулфи ӯ,
Ҳасби ҳоли тирабахти дилпарешони ман аст.