Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест
Дар дилам ҷуз ғами ҳиҷрони ту дигар ғам нест,
Дар ғами ишқи ту моро хабар аз олам нест.
Хоки Одам, ки сириштанд, ғараз ишқи ту буд,
Ҳар кӣ хоки раҳи ишқи ту нашуд, одам нест.
Аз чунини ману ҳусни ту сухан бисёр аст,
Қиссаи мову ту аз Лайлию Маҷнун кам нест.
Гар табибон зи пайи доғи ту марҳам созанд,
Кай гузорем? Ки ин доғ кам аз марҳам нест.
Баски савдои ту дорем, ғами худмон нест,
Гар аз ин пеш ғаме буд, кунун ин ҳам нест.
Ман, ки имрӯз ҳалоки дами ҷонбахши туам,
Дами Исо чӣ кунам? Чун дами ту ин дам нест.
Ғунчаи хуррамӣ аз хоки Ҳилолӣ маталаб,
Ки сари равзаи ӯ ҷои гули хуррам нест.