Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист?
Гуфтӣ: «Бигӯ, ки дар чӣ хаёлию ҳол чист?
Моро хаёли туст, туро дар хаёл чист?»
Ҷонам ба лаб расид, чӣ пурсӣ зи ҳоли ман?
Чун қуввати ҷавоб надорам, суол чист?
Безавқро зи лаззати теғат чӣ огаҳист?
Аз халқташна пурс, ки оби зулол чист?
Гуфтам: «Ҳамеша фикри висоли ту мекунам»,
Дар ханда шуд, ки ин ҳама фикри муҳол чист?
Дардо, ки умр дар шаби ҳиҷрон гузашту ман
Огаҳ наям ҳанӯз, ки рӯзи висол чист?
Чун ҳал намешавад ба сухан мушкилоти ишқ,
Дар ҳайратам, ки фоидаи килукол чист?
Эй дам ба дам ба хуни Ҳилолӣ кашида теғ,
Мискин чӣ кард? Мӯҷиби чандин малол чист?