Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст

Бе ту ҳар рӯз маро моҳею ҳар шаб соле аст, Шаб чунон, рӯз чунин, оҳ, чӣ мушкил ҳоле аст! Ҳаргизат нест бар аҳволи ғарибон раҳме, Мо ғарибему ту бераҳм, ғариб аҳволе аст! Гар фитад мардуми чашмам ба рухат, чеҳра мапӯш! Ту ҳамон гир, ки ба рӯйи ту ин ҳам холе аст. Қуръаи бандагии хеш ба номам задаӣ, Ин саодат аҷаб аст, ин чӣ муборак фоле аст! Меравӣ тунд, ки боз ояму зорат бикушам, Ин на тундист, ки дар куштани ман эҳмоле аст. Моҳи ман сӯйи Ҳилолӣ назар афканду гузашт, Кавкаби толеъи ӯро назари иқболе аст.