Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост?
Рӯзи Наврӯз аст, сарви гулъузори ман куҷост?
Дар чаман ёрон ҳама ҷамъанд, ёри ман куҷост?
Гашта мардум ҳар яке имрӯз сайди чобук,
Чобуки сайдафкани мардумшикори ман куҷост?
Нест як соат қарор ин ҷони беоромро,
Ё Раб, он ороми ҷони бекарори ман куҷост?
Сӯхт аз дарди ҷудоӣ дил ба уммеди висол,
Марҳами доғи дили уммедвори ман куҷост?
Рӯзгоре шуд, ки дур афтодаам, охир бипурс,
К-он сияҳрӯзу парешонрӯзгори ман куҷост?
Буд умре бар сари кӯят Ҳилолӣ хоки роҳ,
Соате, эй моҳ, нагуфтӣ, хоксори ман куҷост?