Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст
Ин ҳама лола, ки сар барзада аз хоки ман аст,
Пораҳои ҷигари сӯхтаи чоки ман аст.
Дарди ушшоқ зи дармони касе беҳ нашавад,
Хосса дарде, ки насиби дили ғамноки ман аст.
Устухонҳои ман аз хоки дарахт бардоред,
Боғи фирдавс чӣ ҷои хасу хошоки ман аст?
Ҳама касро ба ҷамолаш назаре ҳаст, вале
Лоиқи чеҳраи покаш назари поки ман аст.
Боғбон чанд кунад пеши ман озодии сарв?
Сарви озод ғуломи бути чолоки ман аст.
Дӣ шунидам, ки яке хуни мусулмон мерехт,
Агар ин рост, ҳамон кофари бебоки ман аст.
Дӯстон, гар сари дармони Ҳилолӣ доред,
Шарбати заҳр биёред, ки тарёки ман аст.