Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бадриддин Ҳилолӣ
Бадриддин Ҳилолӣ

Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат

Нодида мекунӣ, чу фитад дида бар манат, Ҷонам фидои дидан у нодида карданат. Фардо, ки реза-реза шавад тан ба зери хок, Бархезаму чу зарра дароям зи равзанат. Бо он ки рафт равшании чашм аз ғамат, Дорам ҳанӯз дӯсттар аз чашми равшанат. Гар мекушӣ, намеравам аз сайдгоҳи ту, Дасти ман асту ҳалқаи фитроки тавсанат. Бар домани ту бодай гулгун чакидааст? Ё хуни мост он, ки гирифтаст доманат? Мастию гардане чу суроҳӣ кашидаӣ, Хуш он ки дасти хеш дарорам ба гарданат. Дигар туро чӣ бок, Ҳилолӣ, зи душманон? К-он моҳ бо ту дӯст шуда, мурда душманат.