Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам

Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам, Бар он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам. Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам, Ба ҷустуҷӯи ту хезам, ба гуфтугӯи ту бошам. Ба маҷмае, ки дароянд шоҳидони ду олам, Назар ба сӯи ту дорам, ғуломи рӯи ту бошм. Ба хобгоҳи адам гар ҳазор сол бихусбам, Зи хоби оқибат огаҳ, ба бӯи мӯи ту бошам. Ҳадиси рӯза нагӯям, гули биҳишт набӯям, Ҷамоли Ҳур наҷӯям, давон ба сӯи Ту бошам. Маи биҳишт нанӯшам зи дасти соқии Резвон, Маро ба бода чӣ ҳоҷат, ки масти рӯи ту бошам.