Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

Ин шаби туршрӯи боронӣ

Ин шаби туршрӯи боронӣ Кулбаи модарам ба ёд омад. Боми ӯ мечакад зи боронҳо, Дар дилам оламе ба дод омад. Дар чунин кулбаи фақирона Бо дили рост модарам дорост. Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд, Монда дар кунҷи хонае танҳост. Шояд ӯ бо умеди авфи гуноҳ Рамазон асту рӯза медорад? Вақти ифтор чак-чаки шибдор Ҳеҷ бар гӯши ӯ намефорад? Ё ки дар ҷонамози фарсуда Зикри Аллоҳ мекунад дар дил? Ё зи парвардигор мехоҳад, Ки зи ҷаннат диҳад варо манзил?... Буд вақте ки модари пирам Тозарӯ буд, милаи тар дошт. Милааш дошт бӯи ҷурғотӣ, Ҳайдарии хазинаи зар дошт. Остини фарох то оринҷ Барзада бо ҳазору як тадбир Гӯиё ҳаққи кӯдаконашро Меситонд аз қаламкаши тақдир. Субҳгоҳон чу гов медӯшид Пушти ӯро ба меҳр молида, Дохили ширдӯша меафтод, Милаҳояш зи шона лағжида. Ҳар гаҳе дар танӯри бозудор Кулчаҳои башир мечаспонд, Сари мижгону абрувонашро