Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!?
Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем,
Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем
Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Инсон худаш оинаи як каъба магар нест!?
Бархезу каме каъбаи омоли худат бош,
Чанге ба ниқобат бизану моли худат бош.
Тасвири Худо пушти ҳамин куҳна ниқоб аст,
Тасвири Худо возеҳу чашмони ту хоб аст.
Шояд,ки буте дар расати зеҳни ману туст,
Бояд бути худ бо нами борони Худо шуст.
Гуйи,ки Худо дар бадану дар танамон ҳаст,
Наздиктар аз хуну раги гарданамон ҳаст.
Валло,ки Худо қудрати парвози парандааст,
Ё ғурриши бевақтаи як шери дарандааст.
Дар пилла-парвона магар дасти Худо нест,
Пайдоиши парвона бигу муъҷизаи кист?
Он ҷой,ки наҳанге паи моҳи сари ҷанг аст.
Дар зеҳни худ ин гуна нагуем,ки Худо кист?
Хуршед магар боиси исботи Худо нест.
Дастони Худо дар танаи хушки дарахт аст,
Оё ту бигу дарки Худо мушкилу сахт аст.
Бояд,ки дар оина каме ҳам ба худ оем,
Мо ҷилваи аз хилқати зебои Худоем..!