Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун
Нафси худро куш, ҷаҳонро зинда кун,
Хоҷаро куштаст, ӯро банда кун
Бут шикастан саҳл бошад, нек саҳл,
Саҳл дидан нафсро ҷаҳл аст, ҷаҳл.
Ҳар нафас макреву дар ҳар макр з-он
Ғарқа сад Фиръавн бо фиръавниён.
Модари бутҳо бути нафси шумост,
З-он ки он бут мору ин бут аждаҳост.
Оҳану санг аст нафсу бут шарор,
Он шарор аз об мегирад қарор.
Сангу оҳан з-об кай сокин шавад?
Одамӣ бо ин ду кай эмин бувад?
Дар Худои Мӯсиву Мӯсо гурез,
Оби имонро зи фиръавнӣ марез.
Дастро андар Аҳад в-Аҳмад бизан,
Эй бародар, вораҳ аз Бӯҷаҳли тан.