Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам

Ҷуз вай чӣ бошад, к-аз аҷал андаррабояд кулли мо?! Сад ҷон барафшонам бар ӯ, гӯям: «Ҳанийян, марҳабо!». Рақсон суви гардун шавам, з-он ҷо суви бечун шавам, Сабру қарорам бурдайӣ, ай мизбон, зутар биё! Аз маҳ ситора мебарӣ, ту пора-пора мебарӣ, Гаҳ ширхора мебарӣ, гаҳ мекашонӣ дояро! Дорам диле ҳамчун ҷаҳон, то мекашад кӯҳи гарон, Ман куҳкашам, каҳ кай кашад з-ин коҳдон охир маро?! Гар мӯйи ман чун шир шуд, аз шавқи мурдан пир шуд, Ман ордам, гандум наям, чун омадам дар осиё?! Дар осиё гандум равад, к-аз сунбула зодаст ӯ, Зодай маҳам, не сунбула, дар осиё бошам чаро?! Не, не, фитад дар осиё ҳам нури маҳ аз равзане, З-он ҷо ба сӯйи маҳ равад, не дар дукон нонбо! Бо ақли худ гар ҷуфтаме, ман гуфтаниҳо гуфтаме, Хомӯш кун, то нашнавад ин гуфтаро боди ҳаво!