Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?!

Ай навбаҳори ошиқон, дорӣ хабар аз ёри мо?! Ай аз ту обастан чаман в-ай аз ту хандон боғҳо! Ай бодҳои хушнафас, ушшоқро фарёдрас, Ай поктар аз ҷону ҷон, охир куҷо будӣ, куҷо?! Ай фитнаи Руму Ҳабаш, ҳайрон шудам, ч-ин бӯйи х(в)аш Пироҳани Юсуф бувад ё худ ридои Мустафо?! Ай ҷӯйбори ростӣ, аз ҷӯйи ёри мостӣ, Бар синаҳо Синостӣ, бар ҷонҳойӣ ҷонфазо! Ай қилу ай қоли ту хуш в-ай ҷумла ашколи ту хуш, Моҳи ту хуш, соли ту хуш, ай солу маҳ чокар туро!