Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Зебуннисо Махфӣ
Зебуннисо Махфӣ

Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост

Биё, ки зулфи каҷу чашми сурмасо ин ҷост, Нигоҳи гарму адоҳои дилрабо ин ҷост. Карашма теғу нигаҳ ханҷару мижа алмос, Шаҳодат ар талабӣ, Дашти Карбало ин ҷост. Агар биҳишт диҳандат, фиреби кас нахурӣ, Қадам зи майкада берун манеҳ, ки ҷо ин ҷост. Китобхонаи олам варақ-варақ ҷустам, Хати ту дидаму гуфтам, ки муддао ин ҷост! Закоти ҳусн металабӣ, агар барои Худо, Биё, ки Зебуннисо ҳамчу ман гадо ин ҷост.