Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд

Набинӣ дар амал ҷуз бандагӣ суд, Ҳусули ду ҷаҳон дар амри Маъбуд. Ба кӯҳи Тур рӯзе рафт Мӯсо, Барои рози дил бо Ҳақ таоло. Ба Мӯсо гуфт, Он Донои асрор, Фалон кӯҳ рав, ки он ҷо ҳаст як ғор. Дар он ҷо зоҳиде тоъат сиришта, Зи тоъат нест фориғ чун фаришта. Ба Ӯ рафта бигӯ, тоъат насозад, Дигар дар хидмати Ман ҷон набозад. Ки ман ӯро ба дӯзах медарорам, Ба моликҳои дӯзах месупорам. Чаро беҳуда ин ҷо мекашад ранҷ, Намебахшам ба музди ранҷи ӯ ганҷ. Бирафт Мӯсо ба сӯйи зоҳиду ғор, Расонид, то ваъиди сахти Ҷаббор. Бирафт дар ғор дид, он масти Аҳрор, Ба тоъат буд, гуфташ ҷумла ахбор. "Бигуфт зоҳид, ки эй Мӯсои Имрон, Ки то ҷон дар бадан бошад, канам ҷон. Маро Ҳақофарид аз баҳри тоъат, На бар айшу нишоту хоби ғафлат. Бифармудаст андар бандагиҳо, На бар ҷурму гунаҳ шармандагиҳо. Ки ман маъмури ин тоъат бисозам, Тани худро ба хидмат мегудозам. Ризойи Ӯ, лиқойи Ӯ маро бас, Надорам дар ду олам ҷуз Худо кас. Надорам бо биҳишту дӯзахаш кор, Барад ҳар сӯ муродам завқи дидор". Шунид Мӯсо ҳамон ақволи дарвеш, Зиёда шуд, ба доғи синааш реш. Биёмад дар мақоми рози худ боз, Ба Эзид рози зоҳид кард оғоз. Бигуфт Эзид, эй Мӯсои Имрон, Нигар ту ҳиммати сидқи муҳиббон. Нишон додам ба ту он порсоро, Нигар дар имтиҳон шайдойи Моро.