Илоҳӣ, он даме ки мебарорӣ аз бадан ҷонро
Илоҳӣ, он даме ки мебарорӣ аз бадан ҷонро,
Нигаҳ дорӣ зи хавфи хотима ин нури имонро.
Ба даргоҳат тиҳидасту хиҷил рӯ карда ночоре,
Тараҳҳум кун ба фазли худ хиҷолатманд меҳмонро.
Агарчанде сияҳ шуд номаҳо аз касрати исён,
Ба ҷӯш овар барои шустушӯ дарёи ғуфронро.
Умед аз сояи чатри карам дорад сарам рӯзе,
Агар тобӣ ба фарқи оҷизон Хуршеди тобонро.
Бувад вирди забонам нафйи “ло”, исботи “иллаллоҳ”,
Ба ҳаққи афзали зикрат гарон кун вазни мизонро.
Ба ҷону дил дар ин ҷо ошиқонро дӯст медорам,
Масозӣ аз дили решам ҷудо он ҷо муҳиббонро.
Ба завқи ҷуръа ошиқ дар ду олам зиндагӣ хоҳад,
Чу булбулҳо барои васл созад сайр бӯстонро.
Ки дорад рӯйи ҷонон сад ҳазорон чашми қурбонӣ,
Сазад ин карбало бар ҷон нишони рӯйи ҷононро.
Ҷунун, дасти тиҳӣ гарчи сафар дорӣ ба даргоҳаш,
Бихон “ло тақнату”, уммеди дил кун фазли Субҳонро.