Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
М
Мавлавӣ Ҷунунӣ

Бар даргоҳи Худой пеш аз аҷал ой

Бар даргоҳи Худой пеш аз аҷал ой, Гузашт умри азизат дар маҳал ой. Ба ғафлат сарфа шуд умрат маҳу сол, Биё бедор шав аз хоб имсол. Замин рӯзе кунад се бор фарёд, Чаро ту ғофили эй одамизод. Машав бар фурсати дурӯза мағрур, Туро бошад дили ман хонаи гӯр. Ба ҳасратҳо дарои дар дили ман, Ғариби оқибат дар манзили ман. Ду чашмони чаҳонбинат хӯрад мӯр, Маҷоле нест то онро куни дур, Шави пӯсида мушти устухонӣ, Бикун коре,ки онҷо дар намонӣ. Магӯ ҳарфи Ҷунунӣ дар забон аст, Ҳама чун шир дар пистони ҷон аст.