Ҳикояти Худо пиндоштани ятим марди сахиро
Побараҳна кӯдаке хору ятим,
Қалби ӯ аз дарди маҳрумӣ дуним,
Пойҳо аз сахтии сармо карахт,
Бо либосе пур зи пина, лахт-лахт,
Бекасу танҳо миёни ҷода буд,
Ларза дар андоми ӯ уфтода буд.
Дар канори роҳ дар он рӯзи сахт
Ӣстод он кӯдаки баргаштабахт.
Не тавони пеш рафтан, не ба пас,
Не ба хешаш муттакову на ба кас.
Осмон боранда чун чашмони ӯ,
Дастҳо ларзанда чун дандони ӯ.
Сардии дай бар сараш мерехт хашм,
Як назар бар як мағоза дӯхт чашм.
Пур зи мардум, пур зи ҷунбуҷӯш буд,
Рӯйи рафҳояш пур аз попӯш буд.
Кӯдак аз шодию рағбат беқарор
Рафт пеши панҷара беихтиёр.
Бо нигоҳ аз тоқи охир то нахуст
Баҳри пойи хеш пояфзор ҷуст.
Гунаҳо аз дурри ғалтон тоза кард,
Кафшҳоро ҳам ба по андоза кард.
Он яке хурд омаду дигар калон,
В-он яке арзону дигар ҳам гарон.
Дар тасаввур кафшҳоро он писар
Ҳай, ба по мекард пушти якдигар.
Чун ба пойи хеш афканд ӯ нигоҳ,
Шодияшро кард ғамҳояш табоҳ.
Ҷуз дили решу либоси тиккае,
Аз қазо ҳатто набудаш сиккае.
Камбағалро бепулӣ айбе набуд,
Пул куҷо? Бечораро ҷайбе набуд.
Чашмҳояш хира шуд бар осмон,
Сӯйи даргоҳи Худои ломакон.
Гуфт: Медонам, Худо, мебиниам,
Ашкҳоямро зи рӯ мечиниам.
Устухонсӯз аст ҳин сармои дай,
Балки ҷонсӯз аст ин сармои дай.