Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Раҳмоналӣ Мирализода
Раҳмоналӣ Мирализода

Нур роҳи зиндагиро раҳбар аст

Нур роҳи зиндагиро раҳбар аст, Неъмати олӣ, атои акбар аст. Бахшишу эҳсони раббонист нур, Маншаи хайру фаровонист нур. Ҳар куҷо нур аст, неъмат бо вай аст, Бахту иқболу саодат бо вай аст. Ҳеҷ мавҷуде дар ин дунёи боз Нест аз нури саодат бениёз. Рӯзу шаб нуронӣ аз Шамсу Қамар, Рӯшанӣ хезад зи лабханди саҳар. Хонаи дил аз муҳаббат рӯшан аст, Ақлро дониш чароғи маскан аст. Бо чароғи ақли гардунсои мо Рӯшаноист об дар дунёи мо. Раҳбари мо аз табори ориё, Пури Раҳмон, Пешво, мушкилкушо. Ошиқи нур асту нуронизамир, Дастаи нурофаронро дастгир. Дар масири тези дарёроҳҳо Кард бунён риштанеругоҳҳо. Нуру неруро ду бо ҳам ёр кард, Азми худро ҷазм дар ин кор кард. Дар вафо аз хештан паймон гирифт, Мурдаи Роғун дубора ҷон гирифт. Корзори хуфтаро бедор кард, Парчаме боло зи нангу ор кард. Гуфт: Роғун муттакои давлат аст, Рӯйи сурху эътибори миллат аст. Ҳар хати он чун раге дар набзи мост, Равнақе дар иқтисоди сабзи мост. Баҳри мо Роғун ҳаёт асту мамот, Зери гардун дар мадори коинот. Амри таърих аст бар халқи сабур, То ба дасти худ бисозад Кохи нур. Ин рисолат имтиҳони насли мост, Дар ҷаҳон овозасози асли мост. Дар раҳи номуси худ ҷон меканем, Кӯҳро бо чангу дандон меканем.