Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд

Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро. Он, ки бидҳад бо умеде судҳо, Он Худо аст, он Худо аст, он Худо! Он хаёлоте, ки доми авлиёст, Акси маҳрӯёни бӯстони Худост. Аз Худо ҷӯем тавфиқу адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб. Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост, Ишқ устурлоби асрори Худост. Он, ки аз Ҳақ ёбад ӯ вайҳу ҷавоб, Ҳар чӣ фармояд, бувад айни савоб. Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад, Майлаш андар таънаи покон барад. Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун, Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун. Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм, То ба ҳафтум осмон андӯхт илм. Боз нури нури дил нури Худост, К-ӯ зи нури ақлу дил поку ҷудост. Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид, Тарсад аз вай ҷинну инсу ҳар кӣ дид. Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост, Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост. Ман чу лаб гӯям, лаби дарё бувад, Ман чу ло гӯям, мурод Илло бувад. Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ ҷонат диҳанд. Эй Худо, ҷонро ту бинмо он мақом, К-андар ӯ беҳарф мерӯяд калом. Ҳақ таъоло халқро гӯяд ба ҳашр, Армуғон ку аз барои рӯзи нашр? Нозанинӣ ту, вале дар ҳадди хеш, Аллаҳ-Аллаҳ по манеҳ аз ҳад беш. Беҳушонро водиҳад Ҳақ ҳушҳо, Ҳалқи ҳалқи ҳалқаҳо дар гӯшҳо.