Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае

Ҳоли дунёро бипурсидам ман аз фарзонае, Гуфт: ё хоб аст, ё бод аст, ё афсонае. Гуфтамаш: аҳволи умрамро бигу то умр чист? Гуфт: ё барқест, ё шамъест, ё парвонае. Гуфтамаш: инҳо, ки мебини чаро дил бастаанд? Гуфт: ё хобанд, ё мастанд, ё девонае!