Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Дило шарманда аз ҳоли табоҳам

Дило шарманда аз ҳоли табоҳам, Ки гоҳ барда ва ё ин ки ғуломам. На бишнидам, на дидам ман ҳақиқат, Аз ин рӯ дар фалак ман бесароям. Ба дунё омадам аз баҳри раҳмат, Сабаб ин буд, валлоҳӣ ту шавкат. Фаромӯшист, айби ман ҷалолам, Туро ман ёд накардам, бесифотам. Чу рӯҳам илтиҷо дорад, ту фармо, Амирам он чи ҳақ, ҳастӣ ту бино. Ба ростӣ беғаму беилтиҷоам, Шаҳодат рост, маҳшарро гуноҳам. Дило рози Ту доим безавол аст, Ҳамеша ҳасратат бо кому кос аст. Шунидам ҷомаи зиште ту дорӣ, Дило воям гузор, ғарқи гуноҳам.