Бизан ханҷар, ки дар дил ғусса дорам
Бизан ханҷар, ки дар дил ғусса дорам,
Дар ин афлоки дунё бадтабоҳам.
Бикуш бо теғ, ин симин баданро,
Ки дар даврони фонӣ бемазорам.
Аввал гӯям, накардам хизмат аз ҷон,
Мудом мастона дар дунё бигаштам.
Дуввум гӯям зи меҳри модари ҷон,
Набуд андар дилу андар паноҳам.
Севвум он буд, ки аз хулқи башорат,
Ҳамеша пастмизоҷ андар сифотам.
Бизан бо найза ҷонамро бурун кун,
Ки дар ғафлат фаромӯш кард Худоам.
Шабехун фарқро аз тан ҷудо кун,
Ки чашми сар шаҳодат бар гуноҳам.
Дар охир ин ду чашмамро бикун кӯр,
Ки дар дунёи фонӣ беҳаёям.