Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Неру Эроншо
Неру Эроншо

Устодро

Ошиқо, ҳастӣ ту шогирд, гӯш кун устодро, Он чи фаҳмад, ту надонӣ, гӯш кун дилдодро. Гар ту дорӣ ақли комил, ҷаҳд кун дар роҳи Ҳақ, З-он ки Ҳақ дар остонҳо созадат эҳмолро. Қадри устод гар ту донӣ, хидматаш овар ба ҷо, Аз дилу ҷон дӯст дорӣ ту ҳамон устодро. Дар фазилат ту гузар кун, ҳам ба қисмат роҳи илм, Гар надонад ҳам, пазираш кун — киро? Устодро! Бо рафоқат шуғл варз, омӯз ба худ кору амал, Чунки дар он ҳам ба ростӣ, дар амал устодро. Ҳарфи хосу нутқи бурро, бо ҳиҷову сад калим, Он ки дар тифлӣ алифбо гӯядат — устодро. Чун ба манзил ту расидӣ, ғайбати илмаш макун, Вой бар ҳоли диле кун, ғайбати устодро. Ман ки худ шак ҳам нагӯям ин қаламро аз азал, Чунки дар хурдӣ ба ман дод найқалам устодро.