Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама,
Дунёталабон зи ҳирс мастанд ҳама, Мӯсокушу фиръавнпарастанд ҳама. Ҳар аҳд, ки бо Худой бастанд ҳама, Аз дӯстии ҳирс шикастанд ҳама.
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ,
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ, Тоат ки ба шаб кунӣ ниҳон, аз ҳама беҳ. Хоҳӣ зи пули сирот осон гузарӣ, Нон деҳ ба ҷаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
Инак сари кӯи дӯст, инак сари роҳ,
Инак сари кӯи дӯст, инак сари роҳ, Гар ту наравӣ, равандагонро чӣ гуноҳ? Ҷома чӣ кунӣ кабуду нилию сиёҳ, Дил соф куну қабо ҳамепӯшу кулоҳ.
Эй хокнишини даргаҳи қадри ту моҳ,
Эй хокнишини даргаҳи қадри ту моҳ, Дасти ҳавас аз домани васлат кӯтоҳ. Дар кӯи ту з-он хона гирифтам, ки мабод Озурда шавад хаёлат аз дурии роҳ.
Аз ҳар чӣ на аз баҳри ту кардам, тавба,
Аз ҳар чӣ на аз баҳри ту кардам, тавба, В-ар бе ту ғаме хӯрдам, аз он ғам тавба. В-он низ, ки баъд аз он барои ту кунам, Гар беҳтар аз он тавон, аз он ҳам тавба
Эй дар сифати зоти ту ҳайрон кеҳу меҳ,
Эй дар сифати зоти ту ҳайрон кеҳу меҳ, В-аз ҳар ду ҷаҳон хидмати даргоҳи ту беҳ. Иллат ту ситонию шифо ҳам ту диҳӣ, Ё раб, ту ба файзи хеш бистону бидеҳ.
Савдои сари бесару сомон як сӯ,
Савдои сари бесару сомон як сӯ, Бемеҳрии чарху даври гардон як сӯ. Андешаи хотири парешон як сӯ, Инҳо ҳама як сӯ, ғами ҷонон як сӯ.
Эй оинаро дода ҷило сурати ту,
Эй оинаро дода ҷило сурати ту, Як оина кас надид бе сурати ту. Не, не, ки зи лутф дар ҳама оинаҳо Худ омадаӣ ба дидани сурати ту.
Гар сақфи сипеҳр гардад оинаи чин,
Гар сақфи сипеҳр гардад оинаи чин, В-ар тахтаи фӯлод шавад рӯи замин. Аз рӯзии ту кам нашавад, дон ба яқин, Медон, ки чунин асту чунин асту чунин.
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман,
Султон гӯяд, ки нақди ганҷинаи ман, Сӯфӣ гӯяд, ки далқи пашминаи ман. Ошиқ гӯяд, ки дарди деринаи ман, Ман донаму ман, ки чист дар синаи ман.
Дар даргаҳи мо дӯстии якдила кун,
Дар даргаҳи мо дӯстии якдила кун, Ҳар чиз, ки ғайри мост, онро яла кун. Як субҳ ба ихлос биё бар дари мо, Гар кори ту барнаёмад, он гаҳ гила кун.
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун,
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун, Лутфе ба мани дилшудаи ҳайрон кун. Бо ман макун, он чи ман сазои онам, Он-ч аз караму лутфи ту зебад, он кун.
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун,
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун, Аз фазлу карам дарди маро дармон кун. Бар ман манигар, ки бекасу беҳунарам, Ҳар чиз, ки лоиқи ту бошад, он кун.
Дарвешӣ кун, қасди дари шоҳ макун,
Дарвешӣ кун, қасди дари шоҳ макун, В-аз домани фақр даст кӯтоҳ макун. Андар даҳани мор шаву мол маҷӯй, Дар чоҳ нишину талаби ҷоҳ макун.
Аз соҳати дил ғубори касрат руфтан,
Аз соҳати дил ғубори касрат руфтан, Беҳ з-он ки ба ҳарза дурри ваҳдат суфтан. Мағрури сухан машав, ки ки тавҳиди Худо Воҳид дидан бувад, на воҳид гуфтан.
Бар гӯши дилам зи ғайб овоз расон,
Бар гӯши дилам зи ғайб овоз расон, Мурғи дили хастаро ба парвоз расон. Ё раб, ки ба дӯстии мардони раҳат Ин гумшудаи маро ба ман боз расон.
Ё раб, зи ду кавн бениёзам гардон,
Ё раб, зи ду кавн бениёзам гардон, В-аз афсари фақр сарфарозам гардон. Дар роҳи талаб маҳрами розам гардон, З-он раҳ, ки на сӯи туст, бозам гардон.
Ё раб, зи қаноатам тавонгар гардон,
Ё раб, зи қаноатам тавонгар гардон, В-аз нури яқин дилам мунаввар гардон. Рӯзии мани сӯхтаи саргардон Бе миннати махлуқ муяссар гардон.
Фарёд зи дасти фалаки бесару бун,
Фарёд зи дасти фалаки бесару бун, К-андар бари ман на нав биҳишту на куҳун. Бо ин ҳама низ шукр мебояд кард, Гар з-ин батарам кунад, кӣ гӯяд, ки макун?
Афтода манам ба гӯшаи байти ҳазан,
Афтода манам ба гӯшаи байти ҳазан, Ғамҳои ҷаҳон мӯниси ғамхонаи ман. Ё раб, ту ба фазли хеш дандонамро Бахшой ба рӯҳи ҳазрати Вайси Қаран.
Дорам зи Худо хоҳиши ҷанноти наъим,
Дорам зи Худо хоҳиши ҷанноти наъим, Зоҳид ба савобу ман ба уммеди азим. Ман дасти тиҳӣ меравам, ӯ тӯҳфа ба даст, То з-ин ду кадом хуш кунад табъи карим.
Не боғ, на бустон, на чаман мехоҳам,
Не боғ, на бустон, на чаман мехоҳам, Не сарв, на гул, на ёсуман мехоҳам. Хоҳам зи Худои хеш кунҷе, ки дар он Ман бошаму он касе, ки ман мехоҳам.
Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам,
Ё раб, ту чунон кун, ки парешон нашавам, Мӯҳтоҷи бародарону хешон нашавам. Бе миннати халқи худ маро рӯзӣ деҳ, То аз дари ту бар дари эшон нашавам.
Ғамнокаму аз кӯи ту бо ғам наравам,
Ғамнокаму аз кӯи ту бо ғам наравам, Ҷуз шоду умедвору хуррам наравам. Аз даргаҳи ҳамчу ту кариме ҳаргиз Навмед касе нарафту ман ҳам наравам.
Бо дарди ту андешаи дармон накунам,
Бо дарди ту андешаи дармон накунам, Бо зулфи ту орзуи имон накунам. Ҷоно, ту агар ҷон талабӣ, хуш бошад, Андешаи ҷон барои имон накунам.