Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт,
Мерафтаму хуни дил ба роҳам мерехт, Дӯзах-дӯзах шарар зи оҳам мерехт. Меомадам аз шавқи ту бар гулшани кавн, Доман-доман гул аз нигоҳам мерехт.
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,
Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро,
Тасбеҳ малакрову сафо Ризвонро, Дӯзах бадро, биҳишт мар неконро. Дунё Ҷамрову Қайсару Хоқонро, Ҷонон морову ҷони мо ҷононро.
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё,
Мансури Ҳалоҷ он наҳанги дарё, К-аз пунбаи тан донаи ҷон кард ҷудо, Рӯзе, ки «аналҳақ» ба забон меовард, Мансур куҷо буд?- Худо буд, Худо.
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро,
Гаҳ бар дари дайр менишонӣ моро, Гаҳ дар раҳи Каъба медавонӣ моро. Инҳо ҳамагӣ лозимаи ҳастии мост, Хуш он ки зи хеш вораҳонӣ моро.
Ё раб, макун аз лутф парешон моро,
Ё раб, макун аз лутф парешон моро, Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро. Зоти ту ғанӣ будаву мо мӯҳтоҷем, Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо,
Он ишқ, ки ҳаст ҷузъи лоянфаки мо, Ҳошо, ки шавад ба ақли мо мадраки мо. Хуш он ки зи нури ӯ диҳад субҳи яқин, Моро бираҳонад зи зуломи шаки мо.
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро,
Аз зӯҳд агар мадад диҳӣ имонро, Муртоз кунӣ ба тарки дунё ҷонро. Тарки дунё, на зӯҳди дунё, зеро-к Наздики хирад зӯҳд бихонанд онро.
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,
Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.
То дард расид чашми хунхори туро,
То дард расид чашми хунхори туро, Хоҳам, ки кашад ҷони ман озори туро. Ё раб, ки зи чашм захми даврон ҳаргиз Дарде нарасад наргиси бемори туро.
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро,
Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро, Тоат ҳама фисқу Каъба дайр аст туро. В-ар дил ба Худову сокини майкадаӣ, Май нӯш, ки оқибат ба хайр аст туро.
Боз ҳавои чаманам орзуст
Боз ҳавои чаманам орзуст, Ҷилваи сарву суманам орзуст. Накҳати гулро чӣ кунам, э насим, Бӯе аз он пираҳанам орзуст.
Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ
Ҳар рӯз пагаҳ зи дар даройӣ, Бар даст шароби ошнойӣ! Бар мо хонӣ саломи сӯзон, Ё Раб, чи латифу хуш балойӣ!
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ? Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ? То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям, Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,
Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.
Худовандо, ба фарёди дилам рас,
Худовандо, ба фарёди дилам рас, Каси бекас туӣ, му монда бекас. Ҳама гӯянд: Тоҳир кас надора, Худо ёри мана, чӣ ҳоҷати кас?
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг
Аз дару баставу девори баланди ту ба танг, Омада бо дару девор аз ин ғусса ба ҷанг. Гуфтаӣ шаб дари мо чанд занӣ, ин на дуруст Аз дили сахти ту бар сина ҳамекӯб
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр
Ид шуд андар канору бӯса бо ҳам ҳар ду ёр, Ёри мо нодода бӯса мекунад аз мо канор. Диданаш ид асту идӣ бӯса додан бар лабаш, Эй худо, з-ин иду идӣ коми муштоқон
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст
Ба номи Он ки ӯ ном-офарин аст, Муназзаҳ з-оташ аз шибҳу қарин аст. Ба номи Он ки ин пайдоиш аз ӯст, Ҷаҳонро ҳастиву ороиш аз ӯст.
Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо
Чу андарояд ёрам, чи хуш бувад, ба Худо, Чу гирад ӯ ба канорам, чи хуш бувад, ба Худо! Чу шер панҷа ниҳад бар шикастаоҳуи хеш, Ки, ай азиз, шикорам чи хуш бувад
Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?
Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист? Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист? Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст, То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кис
Ҳикояти Худо пиндоштани ятим марди сахиро
Побараҳна кӯдаке хору ятим, Қалби ӯ аз дарди маҳрумӣ дуним, Пойҳо аз сахтии сармо карахт, Бо либосе пур зи пина, лахт-лахт,
Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!?
Аввал ту бубин қалби касеро нашикасти!? Ин гуна чаро дар паи исботи Худоем, Ҳамсояи мо гушнаву мо сер бихобем Дар хилқати мо розу муаммои Худо чист?
Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст
Он шаби қадре, ки гӯянд аҳли хилват, имшаб аст, Ё Раб, ин таъсири давлат дар кадомин кавкаб аст? То ба гесӯи ту дасти носазоён кам расад, Ҳар диле аз ҳалқае дар
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост
Дигар нашунидем чунин фитна, ки бархост, Аз хона бурун омаду бозор биёрост. Дар ваҳм нагунҷад, ки чӣ дилбанду чӣ ширин, Дар васф наёяд, ки чӣ матбӯъу чӣ зебост.
