Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист?

Ё Раб, ин шамъи дилафрӯз зи кошонаи кист? Ҷони мо сӯхт, бипурсед, ки ҷононаи кист? Ҳолиё хонабарандози дилу дини ман аст, То дар оғӯши кӣ мехуспаду ҳамхонаи кист? Бодаи лаъли лабаш, к-аз лаби ман дур мабод, Роҳи рӯҳи киву паймондеҳи паймонаи кист? Давлати суҳбати он шамъи саодатпартав Бозпурсед, Худоро, ки ба парвонаи кист? Медамад ҳар касаш афсунею маълум нашуд, Ки дили нозуки ӯ моили афсонаи кист? Ё Раб, он шоҳваши моҳрухи зуҳраҷабин Дурри яктои киву гавҳари якдонаи кист? Гуфтам: – Оҳ аз дили девонаи Ҳофиз бе ту! Зери лаб хандазанон гуфт, ки – «Девонаи кист?»