Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Боз ҳавои чаманам орзуст

Боз ҳавои чаманам орзуст, Ҷилваи сарву суманам орзуст. Накҳати гулро чӣ кунам, э насим, Бӯе аз он пираҳанам орзуст. Тавба зи май кардаму омад баҳор, Соқии тавбашиканам орзуст. Ман кияму базми ту, лекин зи дур, Дидани он анҷуманам орзуст. Зистанам бе ту муяссар мабод! Бе ту агар зистанам орзуст! Беш магӯ, Ҷомӣ, аз он лаб сухан, К-ин суханон з-он даҳанам орзуст.
Боз ҳавои чаманам орзуст | Шоирон