Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Худоё, эй худоё, эй худоё
Худоё, эй худоё, эй худоё, Макун ёри маро аз ман ҷудоё. Сурудам дар гулӯ чун мор печад, Агар ёре набошад ҳамсадоё.
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд
Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, нонат диҳанд, Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ, ҷонат диҳанд. Бе тамошои сифатҳои Худо, Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.
Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ
Ғизои рӯҳ бувад бодаи рақиқ, алҳақ, Ки ранги ӯ кунад аз дур ранги гулро дақ. Ба ранг занг зудояд зи ҷони андӯҳгин, Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинӯшад бақ.
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад
Эй дил чӣ кунам Худо чунин мехоҳад, Неъмат ҳама бар душмани дин мехоҳад. Фиръавни лаъин нишаста бар тахти зарин, Мусо зи Худо нони ҷавин мехоҳад.
Ошиқонаҳо
Умр, ки беишқ рафт, ҳеҷ ҳисобаш магир, Оби ҳаёт аст ишқ, дар дилу ҷонаш пазир. Ишқ чу бикшод р-ахт, сабз шавад ҳар дарахт, Барги ҷавон бардамад ҳар нафас аз шох
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке