Ошиқонаҳо
Умр, ки беишқ рафт, ҳеҷ ҳисобаш магир,
Оби ҳаёт аст ишқ, дар дилу ҷонаш пазир.
Ишқ чу бикшод р-ахт, сабз шавад ҳар дарахт,
Барги ҷавон бардамад ҳар нафас аз шохи пир.
Ҳар, ки шавад сайди ишқ, кай шавад ӯ сайди марг?
Чун сипараш маҳ бувад, кай расадаш захми тир.
Ҷумлаи ҷонҳои пок гашта асирони хок,
Ишқ фурӯ рехт зар то бираҳонад асир.
Ошиқи он қанди ту ҷони шикархоҳи мост
Сояи зулфайни ту дар ду ҷаҳон ҷойи мост.
Аз қаду болои ӯст ишқ, ки боло гирифт,
В-он ки бишуд ғарқи ишқ, қомату болои мост.
Аз сабаби ҳаҷри ӯст шаб, ки сияҳпӯш гашт,
Туӣ ба ту дуди шаб з-оташи савдои мост!
Нест зи ман боварат? Ин сухан аз шаб бипурс,
То бидиҳад шарҳ он-к фитнаи фардои мост.
Аввалу поёни роҳ аз асари пойи мост,
Нотиқаву нафси кулл нолаи сурнои мост.
Шаб чӣ бувад, рӯз низ шӯҳраву расвои ӯст,
Коҳиши маҳ аз ғами моҳи дилафзойи мост.
Ҳар, ки шавад сайди ишқ, кай шавад ӯ сайди марг,
Чун сипараш маҳ бувад, кай расадаш захми тир?
Ҷумлаи ҷонҳои пок гашта асирони хок,
Ишқ фурӯ рихт зар то бираҳонад асир.