Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Габрест дар ин раҳам, ки пинҳонӣ нест,
Габрест дар ин раҳам, ки пинҳонӣ нест, Бардоштани сарам ба осонӣ нест. Имон-ш ҳазор дафъа талқин кардам, Ин кофирро сари мусулмонӣ нест.
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест,
Ҷоно, ба замини Ховарон хоре нест, К-аш бо ману рӯзгори ман коре нест. Бо лутфу навозиши ҷамоли ту маро Дар додани сад ҳазор ҷон оре нест.
Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест,
Ҳаргиз аламе чу фурқати ҷонон нест, Дарде батар аз воқиаи ҳиҷрон нест. Гар тарки видоъ кардаам, маъзурам, Ту ҷони манӣ, видоъи ҷон осон нест.
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест,
Дар баҳри яқин, ки дурри таҳқиқ басест, Гирдоб дар ӯ чу дому киштӣ нафасест. Ҳар гӯши садаф ҳалқаи чашмест пуроб, Ҳар мавҷ ишорае зи абрӯи касест.
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст,
Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,эй дӯст, Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯи ту накӯст. Мардум гӯянд: Биҳишт хоҳӣ ё дӯст? Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст.
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст,
Дар дард шаке нест, ки дармоне ҳаст, Бо ишқ яқин аст, ки ҷононе ҳаст. Аҳволи ҷаҳон чу дам ба дам мегардад, Шак нест дар ин ҳол, ки гардоне ҳаст.
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст,
Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст, Бегона намешавад, магар хеши ман аст. Гуфтам, сафаре кунам, зи ғам бигрезам, Манзил-манзил ғами ту дар пеши ман аст.
Нардест ҷаҳон, ки бурданаш бохтан аст,
Нардест ҷаҳон, ки бурданаш бохтан аст, Нарродии ӯ ба нақши кам сохтан аст. Дунё ба масал чу каъбатайни нард аст, Бардоштанаш барои андохтан аст.
Ё раб, ту замонаро далеле бифирист,
Ё раб, ту замонаро далеле бифирист, Намрудонро пашша чу пиле бифирист. Фиръавнсифатон ҳама забардаст шуданд, Мӯсову асову рӯди Ниле бифирист.
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист,
Ё раб, сабаби ҳаёти ҳайвон бифирист, В-аз хони карам неъмати алвон бифирист. В-аз баҳри лаби ташнаи тифлони набот Аз синаи абр шири борон бифирист.
Олудаи дунё ҷигараш рештар аст,
Олудаи дунё ҷигараш рештар аст, Осудатар аст, ҳар кӣ дарвештар аст. Ҳар хар, ки бар ӯ зангею занҷире ҳаст, Чун беҳ нигарӣ, бор бар ӯ бештар аст.
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст,
Он оташи сӯзанда, ки ишқаш лақаб аст, Дар пайкари куфру дин чу сӯзанда таб аст. Имон дигару кеши муҳаббат дигар аст, Пайғамбари ишқ на Аҷам, на Араб аст.
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост,
Гардун камаре зи умри фарсудаи мост, Дарё асаре зи ашки олудаи мост. Дӯзах шараре зи ранчи беҳудаи мост, Фирдавс даме зи вақти осудаи мост.
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост,
Ё раб, ғами он чи ғайри ту дар дили мост, Бардор, ки беҳосилӣ аз ҳосили мост. Алҳамд, ки чун ту раҳнамое дорем, К-аз гумшудагонем, ки ғам манзили мост.
Мо куштаи ишқему ҷаҳон маслахи мост,
Мо куштаи ишқему ҷаҳон маслахи мост, Мо бе хуру хобему ҷаҳон матбахи мост. Моро набувад ҳавои фирдавс аз он-к Сад мартаба болотар аз он дӯзахи мост.
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост,
Дӯзах шараре зи оташи синаи мост, Ҷаннат асаре з-ин дили ганҷинаи мост. Фориғ зи биҳишту дӯзах, эй дил, хуш бош Бо дарду ғамаш, ки ёри деринаи мост.
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост,
Исёни халоиқ арчи саҳро-саҳрост, Дар пеши инояти ту як барги гиёст. Ҳарчанд гуноҳи мост киштӣ-киштӣ, Ғам нест, ки раҳмати ту дарё-дарёст.
Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст,
Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст, Чун бишкастам, ба тавбаам хондӣ чуст. Ақисса, зимоми тавбаам дар кафи туст, Як дам на шикастааш гузорӣ, на дуруст.
Аз Каъба раҳест то ба мақсад пайваст,
Аз Каъба раҳест то ба мақсад пайваст, В-аз ҷониби майхона раҳе дигар ҳаст. Аммо раҳи майхона зи ободонӣ Роҳест, ки коси май равад даст ба даст.
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст,
Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст, Ё раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст? Гар дар амалам он чи туро шояд, нест, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст,
Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст, Мерафту манаш гирифта доман дар даст. Мегуфт: Дигарбора ба хобам бинӣ, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост,
Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост, Торикдилам, нуру сафои ту куҷост? Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ, Ин байъ бувад, лутфу атои ту куҷост?
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост,
Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост, Ӯ рост бувад бо ту, ту гар бошӣ рост. В-он гаҳ ки ба ихлосу ба дил гар софӣ, Ӯро бошӣ, бидон, ки ӯ низ турост.
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт,
Шириндаҳане, ки аз лабаш ҷон мерехт, Куфраш зи сари зулфи парешон мерехт. Гар шайх ба куфри зулфи ӯ раҳ мебурд, Хоки раҳи ӯ бар сари имон мерехт.
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт,
Аз куфри сари зулфи вай имон мерехт, В-аз нӯши лабаш чашмаи ҳайвон мерехт. Чун кабки хироманда ба сад раъноӣ Мерафту зи хоки қадамаш ҷон мерехт.