Шеърҳо бо теги: ишқи илоҳӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ишқи илоҳӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам,
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам, Касро ба ҳавои ту маломат накунам. Дар ҷустани васли ту иқомат накунам, Аз ишқи ту тавба то қиёмат накунам.
На аз сари кори бохалал метарсам,
На аз сари кори бохалал метарсам, На низ зи тақсири амал метарсам. Тарсам зи гуноҳ нест, омурзиш ҳаст, Аз собиқаи рӯзи азал мерасам.
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам,
Ё раб, чу ба ваҳдатат яқин медорам, Имон ба ту оламофарин медорам. Дорам лаби хушку дидаи тар, бипазир, К-аз хушку тари ҷаҳон ҳамин медорам.
Дерест, ки тири фақрро омоҷам,
Дерест, ки тири фақрро омоҷам, Бар торами афлоки фалокат тоҷам. Як шамма зи муфлисии худ баргӯям, Чандонки Худо ғанист, ман мӯҳтоҷам.
Гар қурби Худо металабӣ, дилҷӯ бош,
Гар қурби Худо металабӣ, дилҷӯ бош, В-андар пасу пеши халқ некӯгӯ бош. Хоҳӣ, ки чу субҳ содиқулқавл шавӣ, Хуршедсифат бо ҳама кас якрӯ бош.
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб, ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас.
Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас,
Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас, Фазлу карамат ёри мани бекас бас. Ҳар кас ба касею ҳазрате менозад, Ҷуз ҳазрати ту надорад ин бекас кас.
Дар ҳар саҳаре бо ту ҳамегӯям роз,
Дар ҳар саҳаре бо ту ҳамегӯям роз, Бар даргаҳи ту ҳамекунам арзи ниёз. Бе миннати бандагонат, эй банданвоз, Кори мани бечораи саргашта бисоз.
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз,
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз, Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама боз. Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту овард ниёз, Маҳрум зи даргоҳи ту кай гардад боз.
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир,
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир, Дарёб, ки ман омадаам зору ҳақир. Аз ту ҳама раҳмат асту аз ман тақсир, Ман ҳеч наям, ҳама туӣ, дастам гир.
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар,
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар, Дар ман манигар, дар карами хеш нигар. Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту, Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар.
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор,
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор, Раҳме, ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор. Ҷуз даргаҳи ту кай бувадам даргоҳе, Маҳрум аз ин дарам макун, ё ғаффор.
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд,
Дар дӯзахам ар зулфи ту дар чанг ояд, Аз ҳоли биҳиштиён маро нанг ояд. В-ар бе ту ба саҳрои биҳиштам хонанд, Саҳрои биҳишт бар дилам танг ояд.
Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад,
Дил васли ту, эй меҳргусил, мехоҳад, Айёми висол муттасил мехоҳад. Мақсуди ман аз Худой бошад васлат, Уммед чунон шавад, ки дил мехоҳад.
Як зарра зи ҳадди хеш берун нашавад,
Як зарра зи ҳадди хеш берун нашавад, Худбинонро маърифат афзун нашавад. Он фақр, ки Мустафо бар он фахр овард, Он ҷо нарасӣ, то ҷигарат хун нашавад.
Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад,
Рӯзе, ки чароғи умр хомӯш шавад, Дар бистари марг ақл мадҳуш шавад. Бо бедардон макун, Худоё, ҳашрам, Тарсам, ки муҳаббатам фаромӯш шавад.
Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд,
Дар дил ҳама ширку рӯй бар хок чӣ суд, Бо нафси палид ҷомаи пок чӣ суд? Заҳр аст гуноҳу тавба тарёки вай аст, Чун заҳр ба ҷон расид, тарёк чӣ суд?
Мардони раҳаш майл ба ҳастӣ накунанд,
Мардони раҳаш майл ба ҳастӣ накунанд, Худбинию хештанпарастӣ накунанд. Он ҷо, ки муҷаррадони ҳақ май нӯшанд, Хумхона тиҳӣ кунанду мастӣ накунанд.
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад,
Бо шеру паланг ҳар кӣ омез кунад, Аз тири дуои фақр парҳез кунад. Оҳи дили дарвеш ба сӯҳон монад, Гар худ набурад, бурандаро тез кунад.
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад,
Ошиқ ҳама дам фикри ғами дӯст кунад, Маъшуқ карашмае ки некӯст, кунад. Мо ҷурму гунаҳ кунему ӯ лутфу карам, Ҳар кас чизе ки лоиқи ӯст, кунад.
Мардони Худо зи хокдони дигаранд,
Мардони Худо зи хокдони дигаранд, Мурғони ҳаво зи ошёни дигаранд, Мангар ту аз ин чашм бад-эшон, к-эшон Фориғ зи ду кавну дар макони дигаранд.
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд,
Қавме зи хаёл дар ғурур афтоданд, В-андар талаби ҳуру қусур афтоданд, Қавме муташаккиканду қавме ба яқин Аз кӯи ту дури дури дур афтоданд.
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад,
Сӯфӣ ба самоъ даст аз он афшонад, То оташи дил ба ҳилате биншонад. Оқил донад, ки доя гаҳвораи тифл Аз баҳри сукуни тифл меҷунбонад.
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд,
Аз лутфи ту ҳеч банда навмед нашуд, Мақбули ту ҷуз муқбили ҷовид нашуд. Меҳрат ба кадом зарра пайваст даме, К-он зарра беҳ аз ҳазор хуршед нашуд.
Эй дар ту аёнҳову ниҳонҳо ҳама ҳеч,
Эй дар ту аёнҳову ниҳонҳо ҳама ҳеч, Пиндору яқинҳову гумонҳо ҳама ҳеч. Аз зоти ту мутлақо нишон натвон дод, К-он ҷо ки туӣ, бувад нишонҳо ҳама ҳеч.