Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо,
Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво.
Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ,
Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке аз дил кунад ғавғо.
Чӣ козибҳо шавад содиқ, чӣ содиқҳо шавад козиб.
Чӣ обидҳо шавад фосиқ, чӣ фосиқҳо шавад мулло.
Чӣ зиштиҳо шавад рангин, чӣ талхиҳо шавад ширин,
Чӣ болоҳо равад пойин, чӣ сифлиҳо шавад улё.
Аҷаб сабре Худо дорад, ки парда барнамедорад,
Вагарна бар замин афтад зи ҷайби муҳтасиб мино.
Шабе дар кунҷи танҳоӣ миёни гиря хобам бурд,
Ба базми қудсиён рафтам, вале дар олами рӯё.
Дурахшон маҳфиле дидам чу базми ахтарон равшан,
Муҳаммад ҳамчу хуршеде нишаста андар он боло.
Равони анбиё бо ӯ, Алӣ шери Худо бо ӯ,
Тамоми авлиё бо ӯ ҳама поку ҳама воло.
Ҳама фармонбари ҷонон, шаҳиди ханҷари ҷонон,
Ҳама хоки дари ҷонон, ҳама саршори истиғно.
Зи худ рафтам дар он маҳфил, тапидам чун тани бисмил,
Кашидам нолае аз дил, задам фарёди вовайло.
Ки эй фахри расул, Аҳмад, бурун шуд ранҷи мо аз ҳад,
Дилам дигар ба танг омад зи бозиҳои ин дунё.
Занад ғам бар дилам наштар, надорам сабр то маҳшар,
Бигӯ бо одили довар, бигӯ бо Холиқи якто.
Чӣ сон бинам, ки Намруде бисӯзонад Халилеро?
Чӣ сон бинам, ки Фиръавне бипӯшонад яди байзо?
Чӣ сон бинам, ки номарде чароғи анҷуман бошад?
Чӣ сон бинам ҷавонмарде бимирад бекасу танҳо?
Чӣ сон бинам бадандеше кунад тақлиди дарвешон?
Чӣ сон бинам, ки иблисе бипӯшад хирқаи тақво?
Чӣ сон бинам, ки шаҳбозе ба доми анкабут афтад?
Чӣ сон бинам, ки хаффоше кунад хуршедро иғво?
Чӣ сон бинам, ки нопоке фиребад покбозонро?
Чӣ сон бинам, ки инсоне бихонад хукро мавло?
Ғарибу хонавайронам фидоят ин тану ҷонам,
Мабодо нақди имонам равад аз каф дар ин савдо.
Чӣ шуд таъсири қуръонӣ, чӣ шуд расми мусалмонӣ?
Куҷо шуд сураи Ёсин, куҷо шуд ояи Тоҳо?