Илоҳӣ, то абад аз ашк мижа тар монад
Илоҳӣ, то абад аз ашк мижа тар монад,
Даме мабод, ки ин ришта бе гуҳар монад.
Надошт манзили ҳастӣ суроғи осоиш,
Ҷаҳон ба ҷодаю мардум ба раҳгузар монад.
Ба ҳар қадам ба раҳи мост бандише пайдо,
Ниҳоли зиндагии мо ба найшакар монад.
Ба ранги тир касеро, ки ростӣ бошад,
Фитад ба хоки сияҳ дур аз назар монад.
Харобу хуб ба чашми замона яксонанд,
Фалак ба мардуми нодону бебасар монад.
Дил аз шунидани ҳарфи хароб хун гардад,
Забони мардуми нодон ба нештар монад.
Бас аст гавҳари якдонаи сухан, Фонӣ,
Агар зи баъди вафотам зи ман асар монад.