Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Навоям шӯри растохез дора

Навоям шӯри растохез дорад, Забонам нутқи шӯрангез дорад. Даруни синаам оташфишон аст, Лабам фарёди оташрез дорад. Ҳамин дард аст дармони дили ман, Зи бедардӣ дилам парҳез дорад. Битарс, эй тоири ваҳшӣ, ки сайёд, Ба лаб гуфтори лутфомез дорад. Вале дар остин он фитна бинҳод, Ҳамоно ханҷари хунрез дорад. Ба ноҳақ рехт хуни оламеро, Нигорам машраби Чингиз дорад. Маяфшон ҳар тараф бол, эй кабӯтар, Ки шоҳин панҷаҳои тез дорад. Дилам ҳамчун сипанд аз фарти мастӣ, Дар оташ низ ҷастухез дорад. Дигар ҳарфе наёрам бар лаби хеш, Ки Фонӣ табъи тунду тез дорад.