Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Доғ гулпӯш кардааст маро

Доғ гулпӯш кардааст маро, Нола мадҳуш кардааст маро. Нигаҳи шавқи бисмили нозам, Ҳайратоғӯш кардааст маро. Чун фиғони ғариқи ғайри худам, Кай касе гӯш кардааст маро? Умрҳо шуд ба доди бедардӣ, Ғам фаромӯш кардааст маро. Ғафлати зиндагӣ чу шишаи май, Пунбадаргӯш кардааст маро. Чун ҳубобам надомати ҳастӣ, Хона бар дӯш кардааст маро. Фонӣ, имшаб шароби гуфторат, Ғофил аз ҳуш кардааст маро.