Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Дар дидаам агарчи маҷоли назора нест

Дар дидаам агарчи маҷоли назора нест, Дил меравад ба сайри гулистону чора нест. Булбул наям, ки шиква намоям зи ҷаври хор, Парвонаам, ки бок маро аз шарора нест. Гулбун ба дида колбади ваҳшатовар аст, Гул дар назар ба ғайри дили пора-пора нест. Ханҷар дамидааст зи гулзор, сабза ку? Дар ҷӯшиш аст хуни чаман, ин фавора нест. Нӯшобае зи хуни ситамгар ба ман биёр, Носеҳ, магӯ, ки дарди туро ҳеҷ чора нест. Чун тифли кайфхӯрда чӣ сармаст хуфтаем, Осудагӣ агарчи дар ин гоҳвора нест. Чун шиша ҳар чӣ ҳаст ба дил бар лаб оядам, Соқӣ, маро тавони адою ишора нест. Мехостам зи сӯзи дилам бохабар шавӣ, Во ҳасрато, ки оташи дил ошкора нест. Як байти ин ғазал набувад камтар аз шарор, Эй дил, магӯ, ки сӯзи суханро шарора нест. Эй кӯдаки ятим, зи ғурбат дигар манол, Ашки ту низ камтар аз алмоспора нест. Фонӣ, ба мавҷи ҳодиса бистезу шод бош, Ин ҷо агарчи қулзуми ғамро канора нест.