Ҷилваи ӯ як ҷаҳон найранг дошт
Ҷилваи ӯ як ҷаҳон найранг дошт,
Дилтапиданҳои мо ҳам ранг дошт.
Ҳастии мо домгоҳи нестист,
Шӯриши мавҷ инчунин оҳанг дошт.
Шоҳроҳи нестӣ ҳамвор буд,
Лек ҳастӣ пои моро ланг дошт.
Гар зи худ рафтӣ, ба манзил мерасӣ,
Ҷодаи шавқ ин қадар фарсанг дошт.
Дар адабгоҳи ҷунунаш мебарам,
Дил, ки умре хоҳиши фарҳанг дошт.
Аз куҷо ҷӯям суроғи нестӣ?
Ҳимматам аз номи ҳастӣ нанг дошт.
Дӯш Фонӣ бар сари сайди дилам,
Ишвау бози тағофул ҷанг дошт.