Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Аз вартаи талошу ҷоҳу ҳашам бурун о!

Аз вартаи талошу ҷоҳу ҳашам бурун о! Дар арзи хоксорӣ, нақши қадам бурун о! Дар бӯстони ваҳдат ранги дуӣ нагунҷад, Гар завқи васл дорӣ, аз хеш ҳам бурун о! Роҳат ба дашти улфат андешаи маҳол аст, Эй булҳавас, дар ин ҷо собитқадам бурун о! Чун меҳр то тавонӣ файзофарин аён шав, Аз остини имкон дасти карам бурун о! Оинаи ҳақоиқ дар сина соз дилро, Яъне дар ин хумистон чун Ҷоми Ҷам бурун о! Эй ашки ноумедӣ, аз дил ба дида бихром, З-ин тангно бадар шав, з-ин печухам бурун о! Чун Тур то насӯзад хокам адамталош аст, Эй барқи ҷилваи ёр, боз аз адам бурун о! Дар базми арзи матлаб, Фонӣ, ту камнамоӣ, Аз гӯшаи қаноат, гоҳе ту ҳам бурун о!