Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

Синаам лолазорро монад

Синаам лолазорро монад, Дида абри баҳорро монад. Дилам афсурда аз тапиданҳо, Ашки ҳайратшикорро монад. То қадам мениҳӣ ба бод равад, Дил ба роҳат ғуборро монад. Чашмзахмам ба роҳи пайконат, Дидаи интизорро монад. Оламе зинда шуд зи омаданат, Ҷилваат навбаҳорро монад. Тифли ашкам шаҳиди ҳаҷри кӣ шуд? Мижа шамъи мазорро монад. Мурда бошад дилам ба домани ӯ, Зулфи ӯ сӯгворро монад. Ҳазар аз ваҳми худпарастиҳо, Ба раҳи шавқ хорро монад. Эътиборот ҷуз фузулӣ нест: «Муътабар харсаворро монад.» Пунбаи ғафлатам зи гӯш бисӯхт, Шеъри Фонӣ шарорро монад.