Эй ба худ гирифторон, дар тиҷорати мастон
Эй ба худ гирифторон, дар тиҷорати мастон,
Суд дар зиён чун аст? Бо шумо намегӯям.
Аз ғурури доноӣ, чун шумо ба худ ғарқед,
Рамзи ин баён чун аст? Бо шумо намегӯям.
Нимашаб паридан чист? Аз чаман буридан чист?
Тарки ошён чун аст? Бо шумо намегӯям.
Маънии тапидан чист? Ранҷи норасидан чист?
Таъни нокасон чун аст? Бо шумо намегӯям.
Зарбаҳои тӯфон чист? Марги навниҳолон чист?
Ранҷи боғбон чун аст? Бо шумо намегӯям.
Зоҳид аз таъасуб кӯр, монд аз ҳақиқат дур,
Ғарқ дар гумон чун аст? Бо шумо намегӯям.
Эй ҷамоати ғофил, маънии ҳақу ботил,
Рӯзи имтиҳон чун аст? Бо шумо намегӯям.