РАҲБАРИ КОМИЛ
Ба соҳибдилон зиндагӣ мушкил аст,
Дареғо, бар он кас, ки соҳибдил аст.
Ба авҷи саодат фалак мебарад,
Касеро, ки аз ҷаҳл по дар гил аст.
Надонам, чаро дидаи рӯзгор?
Чунин ҷониби сифлагон моил аст.
Макун гиря, эй шамъ, к-ин шӯълаҳо,
Туро бар забону маро дар дил аст.
Абас нола дорам дар ин анҷуман,
Ба девонагон панд беҳосил аст.
Сухан зишт гуфтам, вале чун кунам,
Лаб аз ҳарф бастан басе мушкил аст.
Намебуд, эй кош, дар синаам,
Ҳамин қатра хуне, ки номаш дил аст.
Ғалат гуфтаам з-он, ки дар роҳи шавқ,
Дили ман маро раҳбари комил аст.
Чӣ сон вораҳам Фонӣ аз орзу,
Ки чун ғунча сар то ба поям дил аст?