МЕРАВАМ
Зи дил то ба мижгони тар меравам,
Чу ашк ин қадарҳо сафар меравам.
Бувад вақфи як ханда умри чу барқ,
Ба мижгон задан аз назар меравам.
Зи озори ҳастӣ ба завқи фано,
Парафшон ба ранги шарар меравам.
Ба баҳри хурӯшандаи зиндагӣ,
Дар оғӯши мавҷи хатар меравам.
Нагардам зи роҳи талаб, Фониё,
Гар аз пой монам, ба сар меравам.