Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Шуд устухон зи даври фалак тӯтиё маро,

Шуд устухон зи даври фалак тӯтиё маро, Бори дигар намонд дар ин осиё маро. Дарвешиям ба сояи девор мебарад, Ҳарчанд зери боли худ орад ҳумо маро. Аз кӯҳи ғам агарчи дуто гангг қоматам, Нашкастааст обила дар зери по маро. Хашм аст хӯрдани ману айб аст пӯшишам, Ин аст аз замона либосу ғизо маро. Пои ба хобрафтаи кӯҳи таҳаммулам, Натвон ба теғ кард зи доман ҷудо маро. Фориғ зи коми ҳар ду ҷаҳонaм, ки кардааст Ҳайронии ҷамоли ту бемуддао маро. Меҳмони хони хешам, агар некӯ гар бад аст, Ҳошо, ки ҳеҷ шиква бувад аз қазо маро. Дурри ятимро чӣ шиносад садаф, ки чист, Саҳл аст агар сипеҳр надонад баҳо маро. Аз чарх миннати пари коҳе намекашам, Гар устухон зи дард шавад тӯтиё маро. Дар маъниям фақиру ба сурат тавонгарам, Чун ғунча хает хирқа ба зери қабо маро. Хун дар талоши ҷомаи алвон намехӯрам, Соле бас аст Каъбасифат як қабо маро. Аз сояам агарчи ба давлат расида халқ, Як мушти устухон набувад чун ҳумо маро. Соиб, набастааст касе пои сайри ман, Зиндон шудаст банди гарони вафо маро.