Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Бар чарх муҳит аст фурӯғи назари мо,

Бар чарх муҳит аст фурӯғи назари мо, Соҳил дили дарёст зи оби гуҳари мо. Озодии мо дар гарави пухтагии мост, Овехтааст аз раги хомӣ самари мо. Бедоди фалакро ба тағофул гузаронем, Пӯшидани чашм аст зи душман сипари мо. Шерем, вале заҳраи озор надорем, Аз ҷунбиши пар гарчи дамад нештери мо. Аз ҳамроҳии ақл ба ҷое нарасидем, Печидатар аз роҳ бувад роҳбари мо. Ҳарчанд пару бол надорем чу шабнам, Аз партави хуршед бувад болу пари мо. *** Ё Раб, кӣ дуо кард, ки чун қофилаи мавҷ Осоиши манзил набувад дар сафари мо. Дар номаи мо ҳарфи насанҷида набошад, Аз ҷайби садаф суфта барояд гуҳари мо. Чун дидаи моҳӣ, ки намояд зи таҳ об, Аз пардаи санг аст намоён шарари мо. Соиб, ҷигараш чун ҷигари субҳ шавад чок, Як рӯз агар чарх кашад дарди сари мо.