Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Чашми масти ёр шуд махмуру мадҳушем мо,

Чашми масти ёр шуд махмуру мадҳушем мо, Бода аз ҷӯши нишот афтоду дар ҷӯшем мо. Нолаи мо ҳалқа дар гӯши иҷобат мекунад, Аз саҳархезони он субҳи баногӯшем мо. Фитнаи сад анҷуман, ошӯби сад ҳангомаем, Гар ба зоҳир чун шароби кӯҳна хомӯшем мо. Пайкари мо мекунад шамшерро дандонадор, Дар либос аз ҷавҳари зотӣ зиреҳпӯшем мо. Номаи сарбастаро чун об хондан ҳаққи мост, К-аз суханфаҳмони он лабҳои хомӯшем мо. Қатран ашкем, бо оворагӣ ҳамкорвон, Дар канори баҳри ӯ хотирфаромӯшем мо. Бетааммул чун арақ бар рӯйи хубон медавем, Чун каманди зулф густохи бару дӯшем мо. Хирқаи дарвешии мо чун зиреҳ зери қабост, Пеши чашми халқ зоҳирбин қабопӯшем мо. Кори равған мекунад бар оташи мо оби теғ, Хуни Мансурему доим бар сари ҷӯшем мо. Аз шароби мо раги хомист, Соиб, мавҷзан, Гарчи умре шуд дар ин майхона дар ҷӯшем мо.