Ҳоҷатӣ доми каманде нест дар тасхири мо,
Ҳоҷатӣ доми каманде нест дар тасхири мо,
Гардиши чашме бувад бас ҳалқаи занҷири мо.
Аз ғубори нолаи мо дардмандон огаҳанд,
Мешавад дар захм зоҳир ҷавҳари шамшери мо.
Дил зи бими ғамза аз зулфаш намеояд бурун,
Бештар дар пардаи шаб мехазад нахчири мо.
Дар фазои хотири мо тир пайкон мешавад,
Оҳ мегардад гиреҳ дар синаи дилгири мо.
Дидани мо, талхкомон, талх созад комро,
Дод, гӯё, доя аз пистони ҳанзал шири мо.
Худ ҳам аз зулфи дарози хеш дар банди балост,
Як сараш дар гардани Юсуф бувад занҷири мо.
Манзили нақли макони мост авҷи ломакон,
Водии имкон надорад арсаи шабгири мо.
Аз хиҷолат чун нагардад тешаи Фарҳод об,
Кӯҳро бардошт аз ҷо нолаи занҷири мо.
Хоби мо бо хоби чашми ёр аз як парда аст,
Ҳеҷ кас берун намедорад сар аз таъбири мо.
Ин ки, Соиб, дасти мо аз домани ӯ кӯтоҳ аст,
Норасоиҳои иқбол аст домангири мо.