Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Дар оташ аст наъли насими баҳорро,

Дар оташ аст наъли насими баҳорро, Ранги субот нест гули эътиборро. Камбаҳтро зи неъмати алвон насиб нест, Мижгон ба хуни гул нашавад сурх хорро. Чун зиндагӣ ба ком бувад, марг мушкил аст, Парвои бод нест чароғи мазорро. Бетоқатист қисмати мунъим зи чарх, мол, Аз ганҷ печутоб бувад рӯзӣ моро. Равшандилон ҳамеша ба сахтӣ ба сар баранд, Дар санг зиндагӣ ба сар омад шарорро. Соиб, кунун, ки давр ба коми ту меравад, Бишкан ба соғаре сари дасти хуморро.